Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Эълони омори нави сироят, фавт ва шифоёбӣ аз COVID - 19 дар Тоҷикистон

Аз аввали ҳамагирии коронавирус дар Тоҷикистон то кунун, бар асари ин беморӣ  88 нафар фавтидаанд ва 12052 (95,4%) нафар шифо ёфтаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки шабонарӯзи охир дар кишвар 42 нафар гирифтори бемории COVID-19 шудааст.

Олимон гуфтанд кадом гурӯҳи одамон коронавирусро вазнин мегузаронанд

Тибқи гузориши ин ниҳод, ҳамзамон, дар давоми 24 соати охир 43 нафар аз ин беморӣ сиҳат шуда, ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 12052 (95,4%) нафар ва шумораи гирифторон ба 12630 баробар гардид.  

Омори COVID - 19 дар Тоҷикистон: чанд нафар сироят ёфту чанди дигар фавтид

Аз аввали ҳамагирии коронавирус дар Тоҷикистон то кунун, бар асари ин беморӣ  88 нафар фавтидаанд. Хушбахтона, шабонарӯзи гузашта дар кишвар ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст.

Ин ниҳод мегӯяд, Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ  ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Вазорат аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.