Талоши Эрон ва Тоҷикистон барои сабти ҷаҳонии ҷашни Меҳргон

Эрон парвандаи ҷашни Меҳргонро ба таври муштарак бо Тоҷикистон барои сабти ҷаҳонӣ ба ЮНЕСКО фиристодааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 дек – Sputnik. Чаҳор асари номалмӯси Эрон бо мавзӯи ҷашни Меҳргон, Миниётура (нигоргарӣ), зиёрати Тадеуси муқаддас ва маҳорати сохтан ва навохтани асбоби мусиқӣ ба таври муштарак бо ҳамсоягон дар феҳрасти осори ЮНЕСКО сабт мешавад.

Меҳргон ва Сада ҳам ҷашнҳои расмӣ мешаванд

Муҳаммадҳасан Толибён, муовини вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Эрон гуфт, ки бо тавваҷуҳ ба маҳдудияти саҳмияи ЮНЕСКО, чаҳор парвандаи ҷашни Меҳргон, Миниётура (нигоргарӣ), зиёрати Тадеуси муқаддас ва маҳорати сохтан ва навохтани асбоби мусиқӣ ба шакли муштарак бо кишварҳои ҳамсоя тадвин шуда то аз зарфияти саҳмияи дигар кишварҳо барои сабти ҷаҳонии мероси фарҳангии номалмӯси кишвар истифода кунем, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА

“Парвандаи миниётура ба шакли муштарак бо кишварҳои Туркия, Озарбойҷону Ӯзбекистон, парвандаи зиёрати Тадеуси муқаддас дар иштирок бо Арманистон, парвандаи маҳорати сохтану навохтани увд ба сурати муштарак бо Сурия ва парвандаи ҷашни Меҳргон низ ба шакли муштарак бо Тоҷикистон таҳия ва барои сабт дар феҳрасти мероси ҷаҳонии номалмӯси ЮНЕСКО пешниҳод шуд”, - гуфт Толибиён.

Ба гуфтаи муовини вазири мероси фарҳангии Эрон, Кумитаи арзёбии парвандаҳои сабти ҷаҳонӣ бо сабти ҷаҳонии 2 парвандаи миниётура ва зиёрати Тадеуси муқаддас мувофиқат карда, аммо пешниҳод додааст, парвандаҳои ҷашни Меҳргон ва маҳорати сохтану навохтани увд дар иҷлоси баъдӣ матраҳ шавад.

Меҳргон ё ҷашни меҳр, яке аз оинҳои Эрони бостон аст, ки ҳар сола дар рӯзҳои оғозини фасли тирамоҳ баргузор мешавад.

15-умин иҷлоси маҷозии кумитаи мероси ҷаҳонии номалмӯси 14 то 19 декабри 2020 ба сӯрати маҷозӣ дар Порис баргузор ме‌шавад.