Раҳмон дар бораи таъминот бо барқ: таҷҳизоти сермасраф истифода нашаванд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар ҳошияи ифтитоҳи бинои Кохи Ваҳдат баъди навсозӣ аз таъминоти мардум бо барқ суҳбат кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу дигар масъулин зарурати таъминот бо барқро таъкид кард.

Дар Тоҷикистон барои фаҳмондадиҳӣ ва ошкори ҳолатҳои "барқдуздӣ" ситоди махсус ташкил шуд

Эмомалӣ Раҳмон зикр намудааст, ки талабот ба барқ дар кишвар афзоиш ёфта истодааст ва бояд аз масрафи зиёдатӣ пешгирӣ шавад.

“Дар идомаи суҳбат таъкид гардид, ки бо дарназардошти афзоиши талабот ба қувваи барқ дар саросари мамлакат, бояд фарҳанги истифодабарии неруи барқ риоя гардида, аз масрафи зиёдатии неру, истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти худсохту сермасраф ҷилавгирӣ карда шавад”, - омадааст дар иттилоияи котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Ин таъкиди раисиҷумҳур дар ҳолест, ки то чанд рӯзи пеш дар навоҳии Тоҷикистон маҳдудияти барқ буд.

"Бо ҳақорат барқ таъмин намешавад": "Барқи тоҷик" гуфт, кай "лимит" бардошта мешавад-видео

Ширкати “Барқи тоҷик” бо нашри як муроҷиатнома аз аҳолӣ узр хоста, тавзеҳ дод, ки тамоми корҳои оғозгардидаи таъмир ва тадбирҳои назоративу профилактикӣ ба анҷом расонида шуданд ва аз 10 декабри соли 2020 сар карда, интиқоли нерӯи барқ дар кишвар пурра таъмин мегардад.