Президент Шамолзодаро фармондеҳи воҳиди махсус таъйин кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳайати фармондеҳии Гвардияи миллии кишвар, собиқ Гвардияи президентӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумахонзода Икром Ҷумахон аз вазифаи фармондеҳи Отряди алоҳидаи таъйиноти махсуси Гвардияи миллӣ барканор карда шуд.

Вазорати дифоъ: нақшаи даъват амалан пеш аз мӯҳлат иҷро шудааст

Дар фармон делели барканории Ҷумахонзода гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шудааст, аммо дар мавриди мақоми нави ӯ иттилое ироа нагардидааст.

Вазъ печида: Раҳмон гуфт, ба омодабошии ҷангӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад

Фармондеҳи воҳиди махсуси Гвардияи миллӣ бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон Шамолзода Мирзосафар Олим таъйин шуд.

Шамолзода дар гузашта дар Роғун кор мекард. Ӯ фармондеҳии қисми ҳарбии 051058-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар шаҳри Роғун қарор дорад, ба уҳда дошт.

Гвардияи миллии Тоҷикистон, ин воҳиди мустақили  ҳарбии таъйиноти махсус мебошад, ки бевосита ба Президент тобеъ буда, анҷоми вазифаҳои махсуси муҳими давлатиро ба уҳда дорад.