Пас аз нишаcти изтирорӣ дар Хуҷанд: се ҳавопаймои “Сомон Эйр” вориди Душанбе шуд

Ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”, пас аз нишасти изтирорӣ дубора ба Душанбе парвоз карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Юсуф Маюсуфов, сухангӯи фурудгоҳшаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, се ҳавопаймои ширкат бо фосилаи 4 дақиқа пас аз соати 12:00 ба пойтахт парвоз карданд.

Туман ғафс буду хати сабз дида нашуд: нишасти изтирории се ҳавопаймо аз Русия ба Хуҷанд

Ёдовар мешавем, шаби гузашта се парвози чартерии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба ҷойи шаҳри Душанбе дар Хуҷанд нишаст, ки сабаби он вазъи бади боду ҳаво гуфта мешуд.

Ин се парвози чартерии “Сомон Эйр” аз самти Сургут, Маскав ва Новосибирск буданд ва мебоист дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишинанд.

Номбурда гуфт, се тайёраи ширкат, соати 3 то 7 фуруд омаданд.

“Вақти вориди Тоҷикистон шудан ба халабонҳо хабар медиҳанд, ки дар Душанбе имкони нишастан нест, зеро тумани ғафс шаҳрро фаро гирифтааст, бинобар ин онҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд нишастанд”, - гуфт, Юсуф Маюнусов.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳолатҳои гирифтани туман бояд масофаи биниш 150 метр бошад, вагарна иҷозаи нишаст дода намешавад.

Маълум шуд, “Сомон Эйр” моҳи декабр ба Белорусия чанд парвоз анҷом медиҳад

Ба гуфтаи ӯ дар ҳолати шаби гузашта ин нишондод ҳатто 10 метр ҳам набудааст ва бо ин сабаб на хатти сабз намудор буду на дигар нишонаҳо барои фуруд омадан.