Парлумон ҳайати нави ҳукуматро тасдиқ кард: Рустами Эмомалӣ Расулзодаро табрик гуфт

Палатаҳои поёнӣ ва болоии парлумони Тоҷикистон фармонҳои президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз 4 ноябр дар бораи таъини аъзои ҳукуматро тасдиқ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии муштараки ҳар ду палатаи парлумон баргузор гардид.

Ду муовини нави сарвазири Тоҷикистон кистанд?

Тибқи иттилои дафтари матбуотии палатаи болоии парлумони кишвар мавзӯи асосии ҷаласа, ки тасдиқи фармонҳои президент дар бораи аъзои нави ҳукумат буд, вакилон якдилона онро ҷонибдорӣ кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, Рустами Эмомалӣ сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатии кишварро, ки тавассути меҳнати содиқона ва софдилонаи худ сазовори боварии Эмомалӣ Раҳмон гардида, ба мансабҳои олии давлатӣ ва пуршарафу масъулиятнок таъин гардидаанд, самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи онҳо бурдбориҳо таманно намудааст.

Президент Ҳукумати Тоҷикистонро ба истеъфо равон кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ахиран баъди пирӯзии дигарборааш дар интихобот, аввали 30 ноябр Ҳукуматро ба истеъфо равон карда буд. Бисёре аз аъзои қаблии Ҳукумат дар тағйироти кадрии баъдиинтихоботӣ мақомашонро ҳифз намуданд, ки сарвазир Қоҳир Расулзода низ аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Ҳайати нави ҳукумат бо қарори дигари ӯ санаи 4 ноябр таъйин шуд.