Насби қубурҳои "Маҷрои шимолӣ - 2" наздик омадаст

Киштии "Фортуна", ки дар сохтусози "Маҷрои шимолии - 2" истифода бурда мешавад, ахиран ба самти лӯлаи газ наздик омадааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Ин киштӣ пас аз тавофуқи тӯлонӣ дар бандари олмонии Росток, ҳамакнун самти лулаи газ шино карда, дар баҳри кушод дар наздикии нимҷазираи Зингст истодааст.

Иқтисоддон гуфт, дар робита ба "Маҷрои шимолӣ 2" аз Байден бояд чиро интизор шуд

Дар мавриди макони феълии киштӣ, Marine Traffic хабар дод.

Ҳанӯз рӯзи 5 декабр, киштӣ бандари олмонии Висмарро тарк карда роҳ сӯи Ростокро пеш гирифт. Аммо пас аз чанде, дар ҳамон рӯз, дар баҳри кушод наздикии Висмар қарор гирифт. Рӯзи 9 декабр бошад, "Фортуна" ба ҳаракат даромада, бегоҳ аллакай то бандари Росток расид.

Ҳамзамон, Идораи федералии боркашонӣ ва гидрографияи Олмон (BSH) 5 декабр эълом дошт, ки то 31 декабр "Фортуна" дар қисмати ҷанубии баҳри Балтика, дар минтақаи байни обҳои на онқадар калони Адлергрунд ва Одер корҳо анҷом медиҳад.

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

Дар лоиҳаи "Маҷрои шимолӣ-2" сохтмони ду қатори лӯлаи газ пешбинӣ шудааст, ки иқтидори содиротии он 55 миллиард метри мукааб газ дар сол аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро ташкил медиҳад. Ба муқобили ин лоиҳа Иёлоти Муттаҳида, ки гази моеъашро ба Иттиҳоди Аврупо таблиғ мекунад, баромад. Ҳамчунинба ин лоиҳа Ураина ва чанд кишвари аврупоӣ низ муқобилият нишон медиҳанд.

Дар моҳи декабри соли 2019, давлатҳо алайҳи лӯлаи газ таҳримот ҷорӣ карданд, ки дар натиҷа Allseas - и Швейтсария маҷбур шуд, ки интиқолро қатъ кунад.

Ин иштибоҳ аст: дар Олмон манъи сохтмони Маҷрои Шимолӣ-2”-ро маҳкум карданд

Мутахассиси лоиҳаи "Маҷрои шимолии -2" авохири моҳи декабр ба РИА Новости хабар дод, ки нақша дорад, дар минтақаи истисноии иқтисодии Олмон бо истифода аз киштӣ бо мавқеи лангар дубора қубуркашӣ барқарор кунад. Маҳз киштии "Фортуна" ба ин талаботҳо ҷавобгӯ аст.