Эмомалӣ Раҳмон аз ним миллион аъзо ва тавоноии ҲХДТ гуфту ҳамҳизбиёнашро табрик кард

Президенти Тоҷикистон, раҳбар ва асосгузори Ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар кишвар, аъзои ҳизби худро бо 26-умин солгарди он табрик кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ҳизб, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ҲХДТ ҳамчун зодаи даврони истиқлол бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми кишвар таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандўстивухудшиносӣ дар ҷомеа мавқеи сазовори худро пайдо намуд.

“Ҳанўз дар айёми бисёр ҳассос – замоне, ки дар кишвари мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошт ва мардум интизори паёми сулҳ буданд, зарурати таъсис додани ҳизби сиёсие пеш омад, ки бояд фарогири назару андешаҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа бошад. Моро зарур буд, ки мардумро дар меҳвари як мафкураи созанда муттаҳид намуда, ба мухолифату даргириҳои фоҷиабори сиёсӣ хотима бахшем”,-гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ҳанӯз дар оғози таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон эълон дошта будам, ки мақсади асосӣ аз созмон додани ин ҳизб сарҷамъу муттаҳид кардани миллати тоҷик ва тамоми нерўҳои созандаву солимфикри ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарварии мардуми кишвар аст, ки ба хотири барпо кардани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ пешрафта ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар як шаҳрванди мамлакат талош варзанд.

Тағйирот дар ҲХДТ: Бахтовар Сафарзода раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон шуд

Тайи солҳои сипаришуда ҳизби мо садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии истиқлолу озодӣ, демократия, волоияти қонун ва баробарҳуқуқӣ собит намуда, то ба имрўз барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ гардонида истодааст, таъкид кардааст, раҳбари ҳизб.

Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, ҳизбаш ба ҳайси нерӯи пешбарандаи ҷомеа аз ҷумлаи ниҳодҳои сиёсиест, ки беш аз ним миллион нафар аъзо, инчунин, ҷонибдорони зиёд дошта, дар ҳалли масъалаҳои ҳамарўзаи ҳаёти мардум фаъол ва саҳми он барои расидан ба ҳадафҳои рушди миллӣ ниҳоят муҳим мебошад.

Пайваста кӯмак кунед: ҳамдардии Раҳмон ба хонаводаи Алишери Муҳаммадӣ

Ӯ гуфтааст, ҳизб дорои имкониятҳои васеи зеҳнӣ, амалӣ ва идоракунӣ буда, ҳамчун нерўи пешбар дар ташаккул ва татбиқи арзишҳои фарҳанги сиёсӣ дар Тоҷикистон нақши асосӣ мебозад.