Дар Тоҷикистон барои фаҳмондадиҳӣ ва ошкори ҳолатҳои "барқдуздӣ" ситоди махсус ташкил шуд

Ҳадафи ташкили ситод фаҳмондадиҳии истифодаи оқилонаи нерӯи барқ ва ошкори ҳолатҳои барқдуздӣ гуфта мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ,  10 дек — Sputnik.  Сар аз имрӯз дар Тоҷикистон Ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ вобаста ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳар шаҳру ноҳия, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои тасарруфи ғайриқонунии неруи барқ  фаъолияти худро дар миқёси ҷумҳурӣ оғоз менамояд.

"Барқи Тоҷик" аз мардум узр хост: аз фардо лимит бардошта мешавад

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохила, қарори ташкили Ситоди ҷумҳуриявӣ дар асоси дастури ҳукумати Тоҷикистон рӯзи гузашта дар як ҷаласаи ниҳодҳои дахлдор сурат гирифт.

Ба иттилои манбаъ, ҷаласа зери роҳбарии Рамазон  Раҳимзода бо намояндагони сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони Вазорати энергетика ва ШСХК “Барқи Тоҷик” доир гардид.

Гуфта мешавад, зимни ҷаласа ҷиҳати аз 10 декабр бардоштани маҳдудияти истифодаи неруи барқ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва сарфакорона истифода намудани қувваи барқ аз ҷониби шаҳрвандон дар давраи зимистон ибрози назар карда шуд.

"Бо ҳақорат барқ таъмин намешавад": "Барқи тоҷик" гуфт, кай "лимит" бардошта мешавад-видео

Дар ҷаласа аз ҷониби намояндагони тамоми сохторҳои иштирокдор Ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ созмон ёфт, ки ҳадафи он фаҳмондадиҳии истифодаи оқилонаи нерӯи барқ ва ошкори ҳолатҳои барқдуздӣ.