Бонуфузтарин занҳои соли 2020 аз нигоҳи Forbes - гузориши аксӣ

Sputnik

Феҳрасти бонуфузтарин бонувони ҷаҳлн бори 17-ум аз ҷониби коршиносони маҷаллаи Forbes омода карда шуд, ки ба он намояндагони 30 кишвари олам ворид шудаанд.

Ҷаззобтарин занони Русия - 12 акс

Канслери Олмон Ангела Меркел соли даҳум пайиҳам дар ин сархати феҳрист қарор дорад. Мақоми дуюм ба роҳбари Бонки марказии Урупо Кристин Лагард ва сеюм - ба ноиби президенти ояндаи ИМА Камала Харрис дода шуд.

Ягона зани рус дар феҳристи Forbes раиси Бонки марказии Русия Элвира Набиуллина мебошад. Коршиносони маҷалла ӯро бори сеюм ба рейтинг дохил карданд. Соли 2020 ба Набиуллина ҷои 57-ум дода шуд, гарчанд соли гузашта ӯ дар сатри 53-юм буд.

Ҷаззобтарин зани дунё дар соли 2019 аз нигоҳи "мардон" муайян шуд-аксҳои ҷаззоб

Маҷалла қайд кардааст, ки ҳамаи занҳои ба ин рӯйхат дохилшуда, мубориза алайҳи коронавирусро дастгирӣ кардаанд. Масалан, сарвазири Зеландияи Нав Ҷасинда Ардерн, ки дар зинаи 32-юм ҷойгир аст, ба шарофати карантинҳои шадид "мавҷҳои якум ва дуюми COVID-19-ро мағлуб кард".

"Ин як мисоли он аст, ки занон дар тамоми соҳаҳои ҷомеа раҳбаранд, ки зери таъсири ҳамагирӣ тағйир меёбанд", - таъкид кардааст Forbes.

Ба ин рейтинг 10 кишвардор, 38 роҳбари ширкат ва панҷ намояндаи ширкатҳои фароғатӣ шомил шуданд.

1 / 16
Даҳ сол боз канслери Олмон Ангела Меркел дар сархати рейтинг қарор дорад.
2 / 16
Раҳбари бонки марказии Урупо Кристин Лагард бори дуввум дар мақоми дуюм ҷой дорад.
3 / 16
Ҷойи сеюмро дар ин феҳрист сарвазири интихобшудаи ИМА США Камала Харрис, ки шояд нахустин сарвазири зан дар ИМА хоҳад буд, агар Ҷо Байден кишвардор шавад. Ӯ нахустин бор ба ин рейтинг ворид шудааст ва аллакай дар мақоми сеюм ҷой гирифтааст.
4 / 16
Урсула фон дер Ляйен - сиёсатмадори олмонӣ ва урупоӣ, раиси Комиссияи Урупо аст. Ӯ дар таърихи Оломн нахустин зане шуд, ки Вазорати дифоъро раҳбарӣ мекунад.
5 / 16
Ҳамсари миллиардер Билл Гейтс - Мелинда Гейтс соли 2020 дар рейтинги Forbes дар ҷойи 5 -ум қарор гирифт.
6 / 16
Нахустин зан дар автопром, Мэрри Барра корпоратсияи ҷаҳонии General Motors - ро раҳбарӣ мекунад.
7 / 16
Нэнси Пелоси сеюмин шахси ИМА пас аз Доналд Трамп ва сарвазир Майк Пенса мебошад. Ӯро дар Вашингтон бонуфузтарин сиёсатмадор мешуморанд.
8 / 16
Ана Ботин, раиси Шӯрои директорони гурӯҳи молиявӣ ва кредитии Сантандер, дар сатри 8 - ум қарор гирифт.
9 / 16
Роҳбари корпоратсияи молиявии Амрико Fidelity Investments Эбигейл Ҷонсон 9 - ум аст. Forbes мегӯяд сарвати миллиардер, беш аз 15,9 миллиард доллар аст.
10 / 16
Бизнес-леди ва варзишгари амрикоӣ Гейл Козияра Будро дар рейтинги Forbes дар соли 2020 мақоми 10-умро ишғол кард.
11 / 16
Forbs ба директори OneConnect Ҷессика Тан ҷои 11-умро сазовор донист.
12 / 16
Элвира Набиуллина, раиси Бонки марказии Русия, бори сеюм ба рейтинг дохил шуд. Дар соли 2020, ӯ аз мақоми 53 ба 57 гузашт.
13 / 16
Губернатори Токио Юрико Коике қаблан дар Девони Вазирон вазифаҳои гуногун, аз ҷумла вазири дифоъи Ҷопон, вазири муҳити зист ва вазири давлатии Окинава ва корҳои шимолиро ба ӯҳда дошт.
14 / 16
Гюлер Сабанчи - раиси Шӯрои директорони Холдинги Сабанчи мебошад. Вай раҳбари яке аз ширкатҳои калонтарини Туркия мебошад.
15 / 16
Зузана Чапутова - арбоби давлатии Словакия, Президенти кунунии Ҷумҳурии Словакия ва Фармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Словакия аз соли 2019
16 / 16
Рания Маҳмуд Нашар, мудири кулли Samba Finance Group, яке аз панҷ зани машҳуртарин тоҷир дар кишварҳои арабӣ.