ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1526 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.6764 то 13.6000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Хариду фурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1526 то 0.1555 сомонӣ муқаррар кардааст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1540 то 0,1555 сомонӣ муқаррар кардаанд.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1540 то 0.1550 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1500 то 0,1550 сомонӣ нишон дода шудааст.
Дурнамои асъор: иқтисоддонҳо гуфтанд, то соли 2023 бо сомонӣ чӣ хоҳад шуд
БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".