Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Аксияи милисаҳои ВМКБ дар Хоруғ барои ҷилавгирӣ аз COVID - 19

Милисаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мардумро аз хатари сирояти коронавирус огоҳ карданду 1000 ниқоби ройгон тақсим намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Дар шаҳри Хоруғ барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии вируси корона аксия гузаронида шуд.

Файзов гуфт, коррупсия дар ВМКБ камтар ва мубориза бо он хуб аст-видео

Бино ба гузориши ВКД, ин аксия бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID -19 баргузор гардид.

Нигаронии Файзов аз пуштибонии ҷавонон аз гурӯҳҳои ҷинояткор ва тарси мардум аз шоҳидӣ

Аксия аз ҷониби кормандони РВКД дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ВМКБ дар маркази шахри Хоруғ баргузор шуд.

"Ба сокинон ва меҳмонон дар маркази шаҳри Хоруғ барои беҳдошти саломатӣ ва пешгирии бемории сироятии Ковид -19, ки имрӯзҳо авҷи дуюми он дар тамоми дунё ба мушоҳида мерасад, зиёда аз ҳазор адад ниқобҳо ройгон таксим карда шуд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки шаҳрвандони кишвар аз таҷрибаи дигар кишварҳо ва чораандешиҳои давлат хатари бемориҳои сироятиро хуб дарк карда, тибқи тавсияи табибон амал намуда, худ ва наздиконашонро аз гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз менамоянд.

Ёдрас мешавем, ки раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ахиран аз фаъолияти яксолаи милитсия дар вилоят натиҷагирӣ карда, аз кори сусти шуъбачаҳои дар маҳал буда, мавқегирии заифи онҳо, тарсу нобоварии мардум аз шоҳидӣ додан ба ин ё он вазъиятро аз масъалаи доғи рӯз гуфт.