Рашк: зан дар ҳолати мастӣ мардро се корд зад

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани 34 - сола хабар медиҳад, ки ба гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ муттаҳам мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ,  9 дек — Sputnik.  Ба иттилои дафтари матбуотии ниҳоди мазкур, ин зан, зодаи шаҳри Бӯстон, муваққатан сокини шаҳри Душанбе дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир шудааст.

Даҳшат: сокини Ёвон модари се фарзандашро корд зада кушт

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи кордзанӣ дар пайи рашк рух додааст.

“Номбурда, шаби 7 ба 8-уми декабри соли 2020, тахминан соати 00:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ аз сабаби рашк 3-маротиба ба узвҳои бадани марди 39-солаи сокини пойтахт зарба задааст”,-афзудааст, манбаъ.

“Басай фиреб”: видеои ҷавонзане, ки дӯстдоштаашро оташ зад-навор

Гуфта мешавад, дар натиҷа охирон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Зани ҷавонашро дар хиёнат бо дӯсташ муттаҳам кард: гузориши ВУД аз рашки фоҷиабор – видео

Ин ниҳод дар гузашта низ, чунин ҳолатҳоро ошкор карда буд, ки дар пайи рашк сар задааст.