Ин “план”- и пахта нест: Чанд андешаи Ҳафиз Раҳмон оид ба озмуни “Фурӯғ”

Ҳафиз Раҳмон, яке аз донандагони хуби адабиёти ҷаҳон, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, чанд андешаашро оид ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” нигошта, аз доиркуннадагони даври қаблии он изҳори норозигӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ,  9 дек — Sputnik. Номбурда, ки яке аз ҳакамони даври хотимавии озмун мебошад, дар саҳфаи фейсбукияш навиштаст, ки дар вилоятҳо дуруст кор накардаанд, баъзеҳоро аз ҳамон қисмати вилоятии озмун ҷавоб додан лозим буд.

Тақдими аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ ба ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

“Шояд ҳакамони вилоятҳо ба номгӯйи китобҳои пешниҳодшуда аҳамият надодаанд ва ё аз дилсӯзӣ иҷоза додаанд, ки баъзе довталабони носазовор ба озмуни ҷумҳурӣ бираванд, бигзор дар он ҷо ҳар коре мехоҳанд, бикунанд... Ин ҳамон ҳодисаи латифамонанди зиндаёд Ашӯр Сафарро ба ёд меорад, ки намедонам, воқеият дошта бошад ё на. Назди Ашӯр Сафар хабарнигоре омада, суол мекунад, ки “Шумо бештар дар кадом вазни шеър эҷод карданро дӯст медоред?”. Посухи Ашӯр Сафар: “Ман вазн-пазнро намедонам, шеър менависаму равон мекунам ба чоп, ба Душанбе. Он ҷо Воҳид Асрорӣ ҳаст, ӯ муайян мекунад, ки вазнаш кадом аст...”,-навиштааст, Ҳафиз Раҳмон.

Ба иттилои манбаъ, бо чанд довталаб (ки ҳоло ном гирифтанашон то охири озмун дуруст нест) ҳамин ҳолатро ба мушоҳида гирифтам: он китобҳое, ки дар номгӯй ҳаст, бархе довталабон нахондаанд ва дар вилоятҳо инро пайхас накардаанд ё фаҳмидаанду қасдан равон кардаанд, бад-ин маъно, ки бигзор дар Душанбе ҳал кунанд...

“Гумонам, агар масъулият пешкор мешуд, миқдори андаки довталабон ба озмуни ҷумҳурӣ меомад, ҳам хароҷот кам мешуду ҳам сифат хубтар... О, ин “план”- и пахта нест-ку, ки миқдор муҳим бошад...”,-навиштааст, устоди ДМТ.

Ба гуфтаи Ҳафиз Раҳмон, аз довталабе ду асари Ҷек Лондонро пурсон шуд, яке “Шинаго” ва дигаре “Дар талоши ҳаёт”-ро. На қаҳрамонашонро медонад, на равиши воқеаҳоро... На анҷоми ҳодисаи сужетро... Ё агар “Ромео ва Ҷулйетта”- ро агар хонда бошӣ, чӣ гуна мешавад, ки Лоренсоро нашиносӣ...

Рустами Эмомалӣ ба ғолибони озмуни "Фурӯғи cубҳи доноӣ..." беш аз ним миллион ҷудо кард

“Донишҷӯдухтаре дар номгӯйи осори хондаву “ҳазмкардааш” як ҳикояи донишманди муҳтарам, устоди факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ Азим Байзоевро ворид кардааст, аммо ҳар қадар пурсон шудем, намедонад, ки ин шахси муътабар кисту аз куҷост... Ҳатто намедонад, ки тоҷик аст...”,-навиштааст, ӯ.

Довари озмун ҳамзамон чанд мисоли дигарро низ овардааст, ки иддае аз иштирокчиён хуб омода нестанд ва ба суолҳои додааш оид ба асари хондаашон изҳори бехабарӣ мекунанд аз кори ҳакамони давраҳои поёнӣ изҳори нигаронӣ карда гуфтааст, ки чигуна чунинҳоро пай набурдаанд.

Номбурда мегӯяд,  ҳамзамон дар баробари ин камбудиҳо далелҳои хуб ҳам буд, масалан, хонуми китобдоре аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (57-сола) ончунон дар саҳна сухан мегуфт ва асарҳоро таҳлил мекард, ки ҳаваси кас меомад.

“Ҳамон асарҳоеро дар номгӯй овардааст, ки воқеан хондааст. Осори адибони русро хеле хуб аз бар намудааст. Посухҳо ва тарзи баёнаш ба довари ниҳоят сахтгири гурӯҳамон Марина Русакова ниҳоят писанд омад, ба банда низ... Банда аз 5 асари адибони амрикоиву аврупоӣ пурсон шуда, посухҳои дуруст гирифтам, офаринашон...”,-навиштааст, номбурда.

Ҳафиз Раҳмон бо ситоиш аз Лайло ном духтараки синфи панҷум аз Хуҷанд гуфтааст, бандаро қойил кард: “196 асар дар рӯйхаташ (аксарият махсуси кӯдак) ва наздик ба як китоб шеъри азёдшуда. Акнун ба қиёс мегирам: донишҷӯйи филолог ва хонандаи синфи панҷ... Як бому ду ҳаво! Қонун иҷоза намедиҳад, вагарна ҷойи инҳоро иваз кардан лозим...”,-навиштааст, Раҳмон.