Дар Тоҷикистон аз 284 нерӯгоҳи барқи обии хурд ҳамагӣ 100 нерӯгоҳ фаъол нест

Дар 10 моҳи соли равон нерӯгоҳҳои барқи обии хурди Тоҷикистон дар маҷмӯъ 13, 8 миллион киловатт соат нерӯи барқ тавлид карданд, ки камтар аз як дарсад аз тавлиди кулли нерӯи барқи кишвар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи Авесто, дар Тоҷикистон 284 нерӯгоҳи барқи обии хурд вуҷуд дорад, ки ки аз ин теъдоди 100 нерӯгоҳ фаъол нест.

Рошорви Бартанг фурӯзон мешавад: "Помирэнержӣ" неругоҳи хурди барқӣ месозад

Гуфта мешавад далели фаъолият накардани ин нерӯгоҳҳои хурд, сохти ин марокиз дар маҳалҳои номуносиб бидуни баррасиҳои коршиносӣ ва илмӣ ва дар назар нагирифтани камбуди об дар фаслҳои зимистон ва дар фасли тобистон, ки об барои ниёзи киштукор лозим аст.

Барқ мешавад?: Конибодом тамоми шабакаҳои барқиро ба зимистон омода кард

Дар соли 2000 бо кӯмаки молии ниҳодҳои байналмилалии раванди сохти нерӯгоҳҳои барқӣ обии хурд дар Тоҷикистон оғоз шуд, ки акнун маълум шудааст, ки ин барнома бидуни баррасиҳои коршиносӣ будааст.

Мақомоти ширкати давлатии Барқи тоҷик мегӯянд ,ки дар 10 моҳи нахусти имсол дар нерӯгоҳҳои барқи обии ин кишвар 16 миллиарду 151,1 миллион киловатт соат барқ тавлид шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 6 дарсади коҳиш нишон медиҳад.