Барои халосӣ аз қарз мард худро захмӣ карду ба пулис хабар дод, ки ӯро ғорат карданд-видео

Як сокини ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон барои раҳои аз қарзи бонкӣ худро бо корду санг захмӣ карда ба пулис хабар додааст, ки ӯро ғорат карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ,  9 дек — Sputnik. Тибқи гузориши телевизионии ин ниҳод, Раҳимов Умедҷон, сокини 30-солаи ноҳияи Хуросон ба чунин кор даст задааст.

Зан баъди муноқиша бо модараш худро корд заду ба пулис ариза дод, ки ниқобпӯшон карданд

Ба иттилоои манбаъ, номбурда тариқи телефон ба маъмурини пулис хабар додааст, ки ӯро дар гардиши роҳи автомобилгарди шаҳри Леваканд ба самти ноҳияи Данғара дар дохили автомашина се нафар дар мошинбуда фаровардаву бо корд таҳдид намуда, ҷузвдонаш, ки дар дохили он 46 ҳазор сомонӣ будааст, гирифтаанд.

Ҷабрдида бошад, бо сабаби ҷароҳатҳои ба саломатиаш расида, дар беморхонаи ноҳияи Леваканд бистарӣ шудааст, ки дар асл чунин набудааст.

Маъмурини пулиси вилояти Хатлон дар пайи таҳқиқи ҳодиса муайян мекунанд, ки номбурда барои халосӣ аз қарзи бонкӣ худро ба чунин ҳол гирифтор карда, хабари бардурӯғ додааст, ки ӯро ғорату латукӯб карданд.

Ин ниҳод мегӯяд, Раҳимов аз бонки "Ҳумо" ва шаҳрвандон қарздор буда, барои халосӣ аз он ба ҷойи пинҳоне рафта, либосҳояшро пора, дастонашро каме бурида ва бо санг чанд маротиба зада, саҳнаи вонамуд ба ҷинояти роҳзаниро мемонад.

Ин ниҳод ҳамзамон аз ошкорсозии чунин як ҳолати дигар хабар медиҳад, ки зани 30-солаи ноҳияи Данғара баъди муноқиша бо модараш худро захмӣ кардаву барои пинҳон кардани кирдораш, ба маъмурини пулис гуфтааст, ки шахсони ниқобпӯш ин корро кардаанд.