Таҷҳизоти пизишкӣ расид: кумаки Швейтсария ва ЮНИСЕФ ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон

Швейтсария ва сандуқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҳаҷми 50 ҳазор доллар таҷҳизоти пизишкӣ барои муқобила бо вируси корона ирсол карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Бахши умдаи ин кумакҳои башардӯстона шомили 6 ҳазору 840 даст либоси муҳофизатӣ, 10 ҳазор ҷуфт дастпӯши беҳдоштӣ, 3 ҳазору 900 адад моски пизишкӣ, 200 ҷуфт чакмаи зидди об ва маҳлулҳои тамизкунанда аст, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.

Сафорати Ҳиндустон дар Душанбе ба донишомӯзони афғон кумак расонд

Манбаъ таъкид доштааст, ки намояндагии Созмони Милал дар Душанбе ҳам дар баёнияе эълом кард, барои ошноии бештари мардуми Тоҷикистон бо хатари ин бемории ҳамагир, маводи таблиғотии бештаре мунташир ва тақсим хоҳад шуд.

Миннатдории Раҳмон аз ҳукумати Ӯзбекистон барои кумак дар давраи ҳамагирӣ

Бояд қайд кард, ки тибқи омори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар шабонарӯзи гузашта бо шиносоии 39 мавриди ҷадиди Ковид - 19 дар ин кишвар теъдоди ин беморон ба 12 ҳазору 428 нафар расид.