Сито Қосимӣ: дар ҷое мусофир ҳам бошам, як маротиба намозамро мехонам

Сито Қосимӣ, ҳунарманди номии афғонистонӣ дар "Ногуфта"-ҳо аз нақши муҳими ибодат дар ҳаёташ гуфт. Вай таъкид кард, ки мусиқӣ низ мисли намоз барояш муқаддас аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 дек - Sputnik. Сито Қосимӣ, ҳунарманди номии афғонистонӣ дар сӯҳбат бо рӯзноманигор Орзу Исоев дар баномаи "Ногуфтаҳо" баробари ҳунараш аз намозгузорӣ ва диндорияш низ гуфтааст.

Ҳунарманд таъкид кардаст, ки ду чизи пок дар зиндагӣ - барояш дин ва ҳунараш ҳастанд.

Ба қавли вай, ӯ пеш аз интихоби саҳна ба падар ваъда дода буд, ки ҳеҷ гоҳ кореро нахоҳад, ки боиси нигаронии оила ва падар гардад ва ҳунарро низ мисли намозаш пок хоҳад дошт.

Ду духтару як писар: Нозия дар бораи оила, "дуздӣ"-и Сито ва шӯҳраташ дар Ҳиндустон

"Агар дар ҷое мусофир ҳам бошам як маротиба намозамро мехонам. Ман ибодатамро хело дӯст медорам, худам мефаҳмам  ва Худовандам мефаҳмад, дӯсташ дорам, ҳамеша бо Худо ҳарф мезанам", - посух додааст зан.

Вай афзудааст, ки доим ибодатро аз сипосгузорӣ ва шукр оғоз мекунад, аммо гоҳе назди Худованд аз мушкилиҳо гилаву гиря низ менамояд. 

"Фикр мекунам, ки беҳтарин дӯсти самимии ман Худованд аст", - таъкид мекунад овозхон.

Сито Қосимӣ ҳунарманди номии тоҷикзабони афғонистонӣ аст, ки ба Тоҷикистон низ борҳо даъват шудаву ба саҳна мебарояд. Ӯ дар синни 13-солагӣ дар пайи ҷанг аз Афғонистон бо хонаводааш ба Покистон ва сипас ба Аврупо меравад.

Феълан дар Олмон ба сар мебарад.