Милисаҳо барои нигоҳубини ниҳолҳои шинондаашон вазифадор шуданд-акс

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз иштироки милисаҳо дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар Душанбе иштирок карда, онро идомаи иқдоми шаҳрдор, Рустами Эмомалӣ арзёбӣ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, аз ҷониби ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти милитсияи пойтахт, дар назди биноҳои истиқоматӣ, минтақаҳои маъмурии хизматӣ, нуқтаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дарахтони ҳамешасабзи арча шинонида шуд.

Манбаъ афзуд, ки дар маҷмуъ, дар доираи ин иқдом аз ҷониби ҳайати шахсии милитсияи шаҳри Душанбе 985 бех дарахтон, аз ҷумла 723 бех ороишӣ, 127 бех мевадиҳанда, 21 бех буттаҳои мавсимӣ ва 1600 дона гулҳои гуногун шинонида шуд.

Милисаҳо барои нигоҳубини ниҳолҳои шинондаашон вазифадор шуданд-акс

ВУД таъкид намудааст, ки барои нигоҳубин ва парвариш ёфтани ҳар як ниҳоли шинонидашуда худи кормандони милитсия вазифадор карда шуда, шахси масъул барои нашъунамо ёфтани он ҳисобида мешаванд.

Милисаҳо барои нигоҳубини ниҳолҳои шинондаашон вазифадор шуданд-акс

“Бешубҳа ин амали нек ба беҳтар гардидани вазъи экологӣ, санитариву гигиенӣ, муҳити зист, ташаккули боду ҳавои тоза ва солимгардонии аҳолӣ таъсири мусбат расонида, дар муаррифии шаҳри Душанбе дар миқёси байналмилалӣ доир ба масъалаҳои экологӣ саҳми арзанда мегузорад”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.