Ҳаҷми маоши калонтарину хурдтарин дар Тоҷикистон маълум шуд

Агентии омори назди раисиҷумҳури Тоҷикистон соҳаҳои шуғли аҳолиро муайян кардааст, ки кормандонашон маоши камтарин ва ё зиёдтаринро мегиранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон маоши аз ҳама хурдтаринро кормандони кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал мегиранд, хабар медиҳад Агентии омор.

Гилаи раиси Кумитаи андоз аз зиёд нашудани маош ва ҷойҳои корӣ

Ҳамин тавр, бино бар иттилои Агентӣ, музд дар ин соҳаҳо ҳудуди 563 сомонӣ (49 доллар) аст.

Дар ҳамин ҳол, маоши баландтарин аз кормандони молия (бонк) ва суғурта будааст, ки ҳудуди 3 ҳазору 397 сомонӣ(300 доллар)-ро ташкил медиҳад. 

Ҳамчунин маоши кормандони истихроҷи металҳои қимматбаҳо 2,4 ҳазор сомонӣ, сохтмон 2,4 ҳазор сомонӣ ва бахши барқу об 2,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 

Ба таъкиди ин ниҳод,  маоши миёна дар моҳи сентябри соли 2020 дар ҷумҳурӣ 1 ҳазору 426 сомониро ташкил додааст.

Кормандони бонк баландтарин маош мегиранд: пасттаринро кӣ?

Ёдрас мешавем, маоши ҳадди ақал дар кишвар 400 сомонӣ (35 доллар) аст.