Идомаи мулоқотҳои Зубайдзода бо вазирони Сурия барои баргардондани тоҷикистониён

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз идомаи мулоқотҳои Зубайдулло Зубайдзода, сафири тоҷик дар Қувайт бо мақомдорони Сурия хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Тибқи иттилои ВУХ, Зувайдзода дар шаҳри Димишқ бо вазири корҳои дохилии Сурия, генерал Муҳаммад Холид Раҳмун мулоқот кард.

Се роҳ: вазири маорифи Русия гуфт, донишҷӯёни бандмондаи хориҷӣ чӣ кор кунанд

“Дар мулоқот масъалаҳои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан, ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар, махсусан дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва табодули сафарҳои намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид”, - омадааст дар иттилоияи ВУХ. Тафсилоти дигари мулоқот ироа нашудааст.

Қаблан Зубайдзода бо Файсал ал-Миқдод, вазири навтаъйини умури хориҷии Сурия мулоқот карда буд. Дар ин вохӯрӣ низ мавзӯи меҳварӣ баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан аз урдугоҳи ал-Ҳавли Сурия буд.

Ин баррасиҳо дар ҳолеянд, ки ба иттилои мақомоти тоҷик беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар урдугоҳҳои Сурия қарор доранд.