Ҷо Байден гуфт бо коронавирус дар Амрико чӣ гуна мубориза мебарад

Амрико ҳамоно аз миёни кишварҳои ҷаҳон аз лиҳози шумораи зиёди сироятёбӣ ва маргу мир аз маризии коронавирус пешсаф аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Ҷо Байден номзад ба мақоми президентии Амрико тарҳи нави мубориза бо коронавирус дар кишварашро эълон намуд.

Шикастро қабул надорад: Трамп мегӯяд, ӯ дар интихобот пирӯз мешавад

Ӯ аснои суҳбат бо ширкати телевизионии Си-эн-эн гуфтааст, ки аз амрикоиҳо дархост хоҳад кард, ки 100 рӯз баъди маросими савгандёдкунии президент ниқоб пӯшанд.

Ҳамчунин ният дорад доштани ниқобро дар бинои ҳукумат ва нақлиёти ҷамъиятӣ ҳатмӣ кунад.

Аммо кишвардори феълии Амрико Доналд Трамп шикасти худро то ҳол қабул надорад ва демократҳоро ба тақаллуб дар интихобот муттаҳам мекунад.

"Дар ҳама иёлот садҳо ҳазор овози ғайриқонунӣ дода шуданд", - гуфт сардори Кохи Сафед.

Трамп инчунин аз ҳукумати Ҷорҷия даъват кард, ки барои баррасии интихобот як маҷлиси қонунгузори маҳаллиро даъват кунад. Ба гуфтаи президент, вай бо санҷиши имзои интихобкунандагон дар бюллетенҳои тавассути почта фиристодашуда "ба осонӣ ва ба зудӣ" овозҳои интихоботиро дар ин иёлот ба даст хоҳад овард.

Трамп бо сарусадо меравад. Оё ИМА барои зарба задан ба Эрон омодагӣ мебинад?

Интихоботи президентии ИМА рӯзи 3 ноябр баргузор шуд, вале натиҷаи ниҳоии он то ҳол эълон нашудааст.

Номзади демократҳо Ҷо Байден, тибқи маълумоти пешакӣ, аз иёлот то 306 раъйи интихобкунандагон ба даст овард. Президенти феълӣ Доналд Трамп шикастро эътироф намекунад ва натоиҷро дар чанд иёлат зери шубҳа мегузорад.

Рӯзи шанбе маълум шуд, ки кӯшишҳои Трамп барои муқобила бо натиҷаҳои интихобот дар иёлоти Невада, Ҷорҷия ва Мичиган рад карда шуданд.