Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Теъдоди гирифторони коронавирус дар Эрон аз марзи 1 миллион нафар гузашт

Дар 24 соати гузашта дар Эрон дасти кам 294 нафар аз маризии сироятии коронавирус ба ҳалокат расиданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 294 нафар дар 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод.

Бидуни марг, вале 39 ҳолати нави гирифторшавӣ: омори коронавирус дар Тоҷикистон

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи якшанбе дар бораи охирин омори афроди олуда ба вируси корона дар ин кишвар гуфт: "Бар асоси  меъёрҳои қатъии ташхисӣ дар 24 соати гузашта 11 ҳазору 561 бемори ҷадиди Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод як ҳазору 333 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон расонида шуд”.

Ҷо Байден гуфт бо коронавирус дар Амрико чӣ гуна мубориза мебарад

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон афзуд: "Муттаассифона, дар 24 соати гузашта 294 бемори Ковид - 19 низ ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 50 ҳазору 310 нафар расид".

Лорӣ ҳамчунин гуфт: “Маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба як миллиону 40 ҳазору 547 нафар расидааст, ки то кунун 730 ҳазору 798 нафар аз онон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд".

Теъдоди афроди олуда ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 67 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод як миллиону 536 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаву беш аз 46 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.