Шикастро қабул надорад: Трамп мегӯяд, ӯ дар интихобот пирӯз мешавад

Президенти кунунии ИМА Доналд Трамп бори дигар таъкид кард, ки дар интихоботи гузашта тақаллуб ҷой дорад ва ӯ пирӯз мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Ӯ зимни як дидор бо ҷонибдоронаш дар иёлати Ҷорҷия гуфт, мо дар ин интихобот пирӯз мешавем, хабар додааст РИА Новости.

Байден гуфт, дар давраи ҳукмронияш бо Русия чӣ гуна муносибат хоҳад дошт

Вай дубора демократҳоро ба тақаллуб дар интихобот айбдор кард - ба гуфтаи президент, овозҳо ба рақибонаш "аз зери сақфҳои овезон ва аз халтаҳои чармӣ баромадаанд."

"Дар ҳама иёлот садҳо ҳазор овози ғайриқонунӣ дода шуданд", - гуфт сардори Кохи Сафед.

Трамп инчунин аз ҳукумати Ҷорҷия даъват кард, ки барои баррасии интихобот як маҷлиси қонунгузори маҳаллиро даъват кунад. Ба гуфтаи президент, вай бо санҷиши имзои интихобкунандагон дар бюллетенҳои тавассути почта фиристодашуда "ба осонӣ ва ба зудӣ" овозҳои интихоботиро дар ин иёлот ба даст хоҳад овард.

Шарти қабули шикасти Трамп дар интихоботи президентии Амрико эълон шуд

Интихоботи президентии ИМА рӯзи 3 ноябр баргузор шуд.

Номзади демократҳо Ҷо Байден, тибқи маълумоти пешакӣ, аз иёлот то 306 раъйи интихобкунандагон бар даст овард.

Президенти феълӣ Доналд Трамп шикастро эътироф намекунад ва натоиҷро дар чанд иёлат зери шубҳа мегузорад.

Трамп ваколатҳои президентиро расман ба Байден месупорад

Рӯзи шанбе маълум шуд, ки кӯшишҳои Трамп барои муқобила бо натиҷаҳои интихобот дар иёлоти Невада, Ҷорҷия ва Мичиган рад карда шуданд.