ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳиистони Бадахшон, Ёдгор Файзов ҳамчунин аз камфаъолиятии раҳбарияти шуъбаҳо ва зерсохтори мақомоти милитсия изҳори норозигӣ кард.
Ӯ аз барқарор намудани робитаи мустақими милитсия бо аҳолӣ, соҳиб шудан ба боварии халқ, шафофияти кор ва пинҳон намудани гурӯҳҳои ҷинояткорону дастгирӣ намудани онҳо аз тарафи гурӯҳҳои алоҳида бахусус ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд.
Барномаи рушди навоҳии ВМКБ иҷро нашуд: Файзов сабабҳоро гуфт
Кори сусти шуъбачаҳои дар маҳал буда, мавқегирии заифи онҳо, тарсу нобоварии мардум аз шоҳидӣ додан ба ин ё он вазъият аз масъалаи дигари доғи рӯз дониста шуд.
Файзов таъкид кардааст, ки муваффақияти кори милитсия ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ набояд аз рӯи "чанд нафар ҷиноят содир кард, чӣ қадар яроқ мусодира шуд ва ба кадом маблағ ҷарима супорида шуд, ҳисоб карда шавад, балки то кадом андоза паст шудани мизони содир намудани ҷиноят дар қиёс бо солҳои пеш, сурат бигирад".
Файзов гуфт, коррупсия дар ВМКБ камтар ва мубориза бо он хуб аст-видео
"Намегӯям, ки ислоҳоти милитсия дар вилоят ғайриқаноатбахш ҳаст, нокифоя аст. Вале масъалаҳои доғ дорем - яъне мукаммал кардани сохтори вазорат, таъмин намудан бо кадрҳои шоистасолор, ба таври шаффоф кор кардан ва баланд бардоштани эътимоди мардум ба милитсия, дастгирии милитсия аз тарафи ҷомеа ва паст кардани ҷинояткорӣ тавассути фаҳмондадиҳӣ", - вазифагузорӣ кард, раиси вилоят.
Дар ҷаласа қайд гардид, ки зиёд шудани вазъи ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ маънои маърифати сусти тарбияи ҳуқуқӣ дошта, дар ин росто роҳбарияти вилоят нисбат ба фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ ва гурӯҳи "Авангард" низ ибрози норозигӣ кардааст ва гуфтааст, ки дар ҳолатҳои душвор аз онҳо дараке намеёбад.