ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Шумораи ҳолатҳои нави гирифторӣ ба COVID-19 дар Русия дар як рӯзи ахир бори аввал аз 29 ҳазор нафар гузашт, ҳамчунин 457 мариз ҷон бохта, 21 342 нафар аз беморхонаҳо мураххас шуданд, хабар медиҳад Ситоди фаврӣ.
Бар хабари манбаъ, дар маҷмӯъ, давоми 24 соати ахир 29 039 нафар сироятёфта ба қайд гирифта шудаанд, дар ҳоле ки панҷяки онҳо (6065 нафар) ягон нишона надоранд.
Бояд гуфт, ки як рӯз пеш шумораи гирифторон 28 782 нафар зиёд шуд. Суръати афзоиш 1,2 дарсад боқӣ мондааст.
Манбаъ меафзояд, ин теъдод маризони нав дар 85 минтақа ба қайд гирифта шуданд, ки аксарияти онҳо дар Маскав (7512) сабт шуданд.
Вирусшинос аз Вуҳан дар бораи намудҳои нави коронавирус хабар дод
Ба ҳамин минвол, шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Русия аз оғози пандемия ба 2 460 770 нафар расидааст. Дар тӯли тамоми давра 43141 нафар фавтид ва 1 937 738 нафар шифо ёфтанд.
Дар саросари ҷаҳон, тибқи маълумоти охирини СҶБ, 65,2 миллион ҳолати COVID-19 вуҷуд дорад ва тибқи омори Донишгоҳи Ҷон Хопкинс шумораи онҳо ба 66,5 миллион нафар расидааст. Якуним миллион бемор фавтид.
Аксари ҳолатҳо дар Иёлоти Муттаҳида мебошанд - қариб 14 миллион, пас аз он Ҳиндустон, Бразилия, Русия, Фаронса, Британияи Кабир, Италия, Испания, Аргентина ва Колумбия дар рӯйхати СҶБ мебошанд.