Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Бидуни марг, вале 39 ҳолати нави гирифторшавӣ: омори коронавирус дар Тоҷикистон

Дар 24 соати ахир аз дармонгоҳҳои Тоҷикистон 37 нафар шифоёфта аз маризии сироятии коронавирус мураххас шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус барои як шабонарӯзи ахир нашр намуд.

Ҷо Байден гуфт бо коронавирус дар Амрико чӣ гуна мубориза мебарад

Бар хабари котиботи вазорати мазкур, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 39 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Ба ҳамин минвол, аз аввоили хуруҷ ёфтани ин маризӣ дар Тоҷикистон 12 ҳазору 428 ҳолати гирифторшавӣ ба қайд гирифта шуд.

Даҳшати коронавирус дар Русия давоми як рӯз: беш аз 29 ҳазор мариз ва 457 мавриди фавт

"Дар як шабонарӯзи охир 37 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11833 (95,2%) баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 87 нафар фавтидаанд", - таъкид мешавад дар хабар.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.