Аз 6 то 7 миллион нафар: эмгузаронӣ аз коронавирус дар Маскав - акс

Sputnik

Дар қаламрави шаҳри Маскав дасти кам 70 нуқтаи эмгузаронӣ таъсис дода шудааст, ки хоҳишмандон метавонанд омада алайҳи маризии коронавирус эм гиранд.

Медсестра держит в руках ампулу с вакциной Гам-Ковид-Вак
Барои эҳтиёт: дастури Бердимуҳаммадов барои харидории ваксина алайҳи COVID-19

Аммо қаблан бояд тариқи сомонаи mos.ru номнавис шаванд ва ҳатман дар заминаи поликлиникаи шаҳрӣ қарор дошта бошанд.

Гуфта мешавад, дар мадҳи аввал бояд кормандони маорифу тиб, хадамоти иҷтимоии шаҳр аз ин вирус ваксина гиранд.

Амрико аз ӯҳдаи сохти ваксина намебарояд ва дар бохташ Русияро айбдор мекунад - навор

Эмгузаронӣ одамони аз синни 18 то 60 - соларо дар бар мегирад. Одамони синну соли мазкур набояд бемориҳои музмин дошта бошанд.

Гузашта аз ин, ба занони ҳомила ва заноне, ки кӯдакони ширмак доранд, эмгузаронӣ манъ карда шудааст.

Шумо метавонед ваксинаро тавассути таъинот, ки дар вебсайти mos.ru ду ҳафта пеш кушода аст, гиред.