Вазорат: марг бар асари СOVID-19 дар шабонарӯзи гузашта ба қайд гирифта нашудааст

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард, ки тайи шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус ба қайд гирифта нашудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 40 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид.

Чаро ваксинаи сохти русӣ алайҳи COVID - 19 гарон нест? - навор

Манбаъ афзуд, шумораи умумии гирифторон аз 30 апрел то 5 декабр ба 12 ҳазору 389 нафар расид.

Вазорат таъкид намудааст, ки давоми шабонарӯзи гузашта 38 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба  11 ҳазору 796 баробар гардид.

Таносуби шифоёфтагон аз теъдоди умумии гирифторон 95,2% арзёбӣ шудааст.

Ҳамин тавр ба иттилои вазорат, аз 30 апрел то 5 декабри соли равон бар асари ин беморӣ 87 нафар фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.