ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Росавиатсия ба ширкатҳое, ки иҷозатномаи вижа доранд, ба иҷрои парвозҳои байналмилалии интқоли мусофирон ва ё коло иҷозат дод.
Рӯйхати ширкатҳои ҳавоӣ дар фармони вижа дар сомонаи Росавиатсия нашр шудааст.
Аз ҷумла дар қатори 11 ширкати ҳавоӣ ин иҷозатномаро ба AZUR air додаанд, ки ба нуқтаҳои зиёде парвоз анҷом хоҳад дод.
Байни онҳо Тоҷикистон низ зикр мешавад.
Ҳамин тавр, мувофиқи фармони Росавиатсия, ширкати ҳавоӣ AZUR air акнун метавонад аз Иркутск ба Хуҷанд парвоз кунад.
Афзун бар ин, интихоби ширкатҳои интиқолдиҳанда ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ тамдид мешавад.
RedWings иҷозаи парвоз ба Ӯзбекистон, Nordwind, RedWings, AZUR air ва "Азимут" ба Қазоқистон ва интизор меравад, ки ҳамчунин Nordwind парвозҳоро ба Бишкек оғоз кунад.
Маълум шуд, “Сомон Эйр” моҳи декабр ба Белорусия чанд парвоз анҷом медиҳад