Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Ҳар рӯз 1000 ниқоб: табибони ҷавони Душанбе ройгон ниқоби тиббӣ тақсим мекунанд

Ташкилоти ҷамъиятии "Иттиҳоди табибони ҷавон" дар ҷойҳои серодами шаҳри Душанбе ҳар рӯз 1000 донаӣ ниқоби тиббии ройгон тақсим мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Дар Душанбе бо мақсади пешгирии бемории каронавируси нави COVID-19 бо шаҳрнишинон суҳбатҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор шуд.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, ин иқдом тибқи дастури роҳбарияти Мақомоти шаҳри Душанбе ва Вазорати тандурустӣ аз ҷониби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии  "Иттиҳоди табибони ҷавон" гузаронида шудааст.

Ҳар рӯз 1000 ниқоб: табибони ҷавони Душанбе ройгон ниқоби тиббӣ тақсим мекунанд

Гуфта мешавад, ки онҳо дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар ҷойҳои серодами шаҳри Душанбе бо сокинон суҳбат ва вохуриҳо доир карда, ба онҳо ройгон ниқобии тиббӣ тақсим кардаанд.

Зебову боҳашамат: заргаре дар Туркия ниқобҳоро аз тилло омода мекунад - навор

"Чорабинии мазкур дар мавзеъҳои гуногуни шаҳри Душанбе, ба вижа миёни истифодабарандагони нақлиёти ҷамъиятӣ сурат гирифт, ки дар рафти он аз ҳисоби табибони ҷавон ба аҳолӣ бобати зарурати истифодаи ҳатмии ниқоб ва риоя ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ, вохуриҳо доир гардид", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки дар рафти иқдоми пешгирифта беш аз 1000 адад ниқоби тиббӣ  ба аҳолӣ тақдим карда шуда, чунин ташаббус аз ҷониби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии "Иттиҳоди табибони ҷавон" ҳамарӯза дар ҷойҳои серодам гузаронида хоҳад шуд.