ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Дар марзи Русия ва Украина тирпарронӣ шуд, хабар дод Хадамоти федералии амният – “ФСБ”-и Русия.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса рӯзи ҷумъа рух додааст.
Бар асоси иттилои расмӣ, се нафари номаълум талош кардаанд, марзи Украина ва Русияро убур намоянд. Таъкид шудааст, ки вайронкунандагон сарҳад бо худ силоҳ доштаанд.
“Рӯзи 4 декабр дар минтақаи раёсати сарҳадии “ФСБ”-и Русия дар вилоятҳои Белгород ва Воронеж убури ғайриқонунии се нафари мусаллаҳи номаълум тариқи марз аз Украина ба Русия пешгирӣ шуд”, - омадааст дар иттилоия.
Лаҳистон ва Украина бар зидди сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” муттаҳид шуданд
Зимни амалиёти боздошт, вайронкунандагони сарҳад сӯи марзбонони Русия оташ кушодаанд. Ба иттилои “ФСБ” дар натиҷа як нафар вайронкунандаи марз кушта шуда, ду нафари дигар ба қаламрави Украина паноҳ бурдаанд.