Тақдими 4 ҳазор китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров ба сокинони Мурғоб

Китоби "Тоҷикон"-и академик Бобоҷон Ғафуров ба дурдасттарин ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Дар ноҳияи Мурғоб рӯзи 3 декабр тақдими китоби "Тоҷикон"-и академик Бобоҷон Ғафуров шурӯъ шуд, хабар медиҳад Вазорати маориф.

Китобро муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода, раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Ожонсии омори назди Президенти Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба аҳолии ноҳия тақдим менамоянд.

"Барои аҳолии ноҳияи Мурғоб 3 ҳазору 800 дона китоб ҷудо шудааст, ки он ба дасти ҳар хонавода расонида мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси супориши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби "Тоҷикон" чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳар оила тақдим карда мешавад.

Замони тақсимоти китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров ба мардуми Тоҷикистон маълум шуд

Беш аз 4400 дона: туҳфаи Раҳмон ба Ванҷ расид

Гуфта мешавад, ки ҳамчунин дар доираи ин сафар муовини вазири маориф ва илм бо намояндагони маорифи ноҳияи Мурғоб вохӯрӣ анҷом дода, аз шароити корӣ ва вазъи соҳаи маориф аз наздик шинос гардидааст.

Аз Суғд то Хатлон : Президент шаш раиси шаҳру навоҳиро барканор ва таъин кард

Чанде пеш ин туҳфа  бо роҳбарии Нуралӣ Собирзода  ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  фиристода шуд.