Пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Дар Тоҷикистон имрӯз ҳаво абрнок шуда, борони бошиддат меборад. Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе то 8  дараҷа гарм мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва барф меборад.

Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 11-16 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7  дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳушдори КҲФ аз хатари тармафароӣ дар роҳҳои кӯҳӣ

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок шуда, дар ноҳияҳо борон ва барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона ва рӯзона 1дараҷа  хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа  хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 0+5 дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида бориши борони бошиддат дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 4+9 дараҷа  гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши бошиддат пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ҳолатҳо бориши бошиддат дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5 дараҷа ва рӯзона  6+8  дараҷа гарм мешавад.