Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Омори COVID -19 дар Тоҷикистон: 41 кас мариз шуданду 40 нафар шифо ёфтанд

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави сироят, шифоёбӣ ва фавт аз коронавирус дар ҷумҳуриро нашр намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардид.

Вазорати тандурустӣ: 41 нафарро пас аз табобат аз коронавирус рухсат додем

Ҳамакнун шумораи умумии гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 12 ҳазору 349 нафар баробар шуд.

Ҳамзамон,  дар як шабонарӯзи охир 40 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон ба  11 ҳазору 758 нафар расидааст.

Коронавирус кам шуд: калонтарин бемористони Суғд баъди 7 моҳ ба реҷаи муқаррарӣ мегузарад

Манбаъ меафзояд, аз замони авҷ гирифтани коронавирус дар Тоҷикистон, дасти кам 87 бемор ҷон аз даст доданд.

Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.