“Ман бозор меравам”: Раиси парлумон гуфт, вазъро медонад

Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, худаш ба бозорҳо мераваду аз вазъ огоҳ аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Абдулмаҷид Муминзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон, дар ҷаласаи ахири парлумон ба суоли вакилон дар бораи болоравии нарх изҳор дошт, ки маҳсулоти хӯрокворӣ асосан аз аввали октябр боло рафт.

Ҷӯҷа ба ҷои гов: чӣ тавр манъсозии қирғизҳоро ба фоидаи тоҷикон бояд табдил дод?

“Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҷумҳурӣ асосан аз аввали моҳи октябр  боло рафта, ба кам шудани воридот вобастагӣ дорад. Якчанд компоненти хӯрокаи парранда низ аз беруни кишвар ворид карда мешавад, ки ин ба нархи мурғ ва тухм таъсир расонид”, - хабар додааст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Муминзода.

Дар ҳамин ҳол Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, гуфт, беҳтар мешуд тухмро аз берун ворид намоем, чун ба гуфтаи ӯ, дар ин ҳолат тухм арзонтар мебуд.

Маҳмадтоир Зокирзода изҳор дошт, ки масъалаи нарх муҳим буда, ҳар рӯз бо он вомехӯрем.

"Кадоме аз мо ба бозор ё марказҳои савдо намеравад? Ман ҳам дар пойтахт ба бозорҳо меравам ва медонам, ки вазъ чӣ гуна аст? Агар мо истеҳсолоти худиро вусъат надода, ба умеди мурғ ва тухми воридотӣ мешудем, маълум набуд, ки чӣ қадар одамон мубталои ин ё он беморӣ мешуданд", - гуфт раиси Маҷлиси намояндагон.

Зокирзода таъкид намуд, ки ҳоло корхонаҳои парандапарварии ҷумҳурӣ ба бозору мағозаҳо маҳсулоти хушсифат пешниҳод намуда, ба боварии мардум ноил шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран нархи тухм дар ҷумҳурӣ боло рафта, аз 80 дирами қаблӣ барои як дона то 1,2 сомонӣ расидааст.