Фавти пирамарде, ки писараш пас аз садама ба беморхона набурд: ВКД таҳқиқ мекунад

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як марди солхӯрда бинобар нарасонидан ба беморхона дар пайи садамаи нақлиётӣ дар хонааш фавтидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод садамаи нақлиётӣ санаи 1-юми декабри соли 2020, тахминан соати 10:00 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нофароҷ шаҳри Истаравшан сар задааст.

Мотам дар оилаи Шодиев: ҳалокати падар бо ду фарзанди хурдсолаш дар садамаи нақлиётӣ

Манбаъ мегӯяд, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Мирзоев Наимҷон Гиёевичи 42-сола сокини деҳаи Ширинчашмаи шаҳри Истаравшан, ҳангоми ба беморхонаи марказии шаҳри мазкур бурдани падараш Мирзоев Гиёи 88‑сола дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нофароҷ аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба канори рости роҳ чаппа шудааст.

Дар натиҷа, падараш Мирзоев Гиё ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст.

“Пас аз рух додани ин ҳодиса Мирзоев Наимҷон Гиёевичи падараш Мирзоев Гиёро ба беморхона набурда, оид ба ин ҳодиса ба ягон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат накарда, падарашро дар манзили истиқоматии худ табобат намудааст, ки номбурда санаи 2-юми декабри соли 2020, аз ҷароҳати вазнини ҷисмонии бардоштааш дар хонаи истиқоматиашон вафот намудааст”,-афзудааст манбаъ.

Ҳалокати Абдулло ва Меҳриниссо дар пайи ду садамаи нақлиётӣ

ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.