Вазорати тандурустӣ: 41 нафарро пас аз табобат аз коронавирус рухсат додем

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави коронавирусро нашр кард. Ниҳод қайд кардааст, ки дар як рӯз дар муассисаҳои тандурустии кишвар 41 нафар пас аз шифо ёфтан аз КОВИД ба манзилҳояшон рухсат дода шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Гуфта мешавад, шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 39 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

"Дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 3 декабр 12308 ҳолатро ташкил медиҳад", - менависад вазорати тандурустӣ.

Коронавирус кам шуд: калонтарин бемористони Суғд баъди 7 моҳ ба реҷаи муқаррарӣ мегузарад

Дар як шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11718 (95,2%) баробар гардидааст.

Омори фавт аз беморӣ бетағйир аст. Бар асари ин беморӣ 87 нафар даргузаштаанд.

Коронавирус дар Тоҷикистон: омори моҳи ноябр

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.