Вазир ба хабаргирии кӯдакони маъюби "Чорбоғ" рафт

Вазори тандурустии Тоҷикистон аз "Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб "Чорбоғ" " дидан намуд ва камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Вазир ба хабаргирии кӯдакони маъюби "Чорбоғ" рафт, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

"Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва омодагии онҳо ба давраи зимистон боздиди роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳои мамлакат  идома дорад", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, бо ин мақсад Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҷараёни омодагии Муассисаи давлатии "Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб "Чорбоғ", ки  дар ноҳияи Варзоб ҷойгир аст, дидан намуд.

Маҷлиси Ҳукумат: чаро президент нахуст ҳисоботи Абдуллозодаро гӯш кард

Дар ҷараёни боздид масъулини марказ ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд, ки барои хуб ва муътадил гузаронидани фасли зимистон дар муассисаи мазкур захираи кофии  сӯзишворӣ ва маводи хӯрокӣ муҳайё карда шудааст.

Ҳамзамон Ҷамолиддин Абдуллозода аз ошхонаи муассисаи зикршуда дидан намуда, бо ҷараёни хизматрасонӣ ба бошандагони он шинос шуд.

Вазири фаъол: чаро Абдуллозода аз беморхонаҳои шаҳрҳои Бохтар ва Леваканд дидан кард?

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда  ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.