Тоҷикистон аз фурӯши барқ ба хориҷ 50,2 миллион доллар гирифт

Маблағи гирифтаи Тоҷикистон аз содироти нерӯи барқ ба хориҷа тайи даҳ моҳ дар муқоиса бо соли гузашта 43,5 дарсад коҳиш ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Даромади Тоҷикистон аз содироти нерӯи барқ дар 10 моҳи соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфт, хабар додааст "Авеста".

Об каму аҳолӣ зиёд шуд: шарҳи муовини сарвазир дар бораи “лимит”-и барқ

Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, ҷумҳурӣ дар 10 моҳ аз содироти барқ 50,2 миллион доллар даромад гирифтаст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 39 миллион долллар ё худ 43,5% коҳиш ёфтааст.

Таъкид шудааст, ки Тоҷикистон аз январ то октябр ба Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон нерӯи барқ содир намудааст.

Дар маҷмӯъ аз аввали соли 2020  дар Тоҷикистон беш аз 16,1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ истҳесол шудааст, ки дар муқоиса бо 10 моҳи соли гузашта 5,1 дарсад кам мебошад. Беш аз 15 миллиард киловатт-соат дар нерӯгоҳҳои барқӣ ва ҳудуди 1,1 миллиард киловат – соат дар марказҳои барқу гармидиҳӣ тавлид шудааст.