ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Бино ба иттилои манобеъи Sputnik Тоҷикистон, Хоҷазода Фурқат Файзалӣ прокурори вилояти Суғд таъйин шудааст.
Ӯ, то ин замон муовини прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд.
Хоҷазода Фурқат Файзалӣ соли 1979 дар ноҳияи Балҷувон таваллуд шудааст. Соли 2001 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, фаъолияти кориашро дар прокуратураи генералӣ оғоз намуд. Минҳайси муфаттиш кор карда буд.
Мотам дар прокуратура: даргузашти генерал – майор, муфаттиши “Парвандаи Мақсуд Икромов”
Баъдан прокурори ноҳияи ба номи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ ва прокурори ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таъин гардидааст. Мушовири адлияи дараҷаи 1, полковник аст.
Ҳоҷазода дар ин мақом Ҳабибулло Воҳидовро иваз намуд. Воҳидов, соли 2015 прокурори Суғд таъйин гардида, ҳудуди панҷ сол дар ин мақом фаъолият кард.
Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои тоза кардани прокуратура ва судҳо аз “одамони тасодуфӣ”
Рӯзи 18 ноябри соли ҷорӣ бо фармони Президент Эмомалӣ Раҳмон, Воҳидов ба ҷойи Шерхон Салимзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.