Тасмими Душанбею Тошканд барои ташкили хатсайрҳои иловагии мусофирбарӣ ва транзитӣ

Муовинони вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Ӯзбакистон бар зарурати густариши ҳамкориҳои ҳамлунақлии ҷодаӣ миёни ду кишвар таъкид карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Ахиран дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Комиссияи муштараки навбатии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба нақлиёти автомобилӣ баргузор гардид.

Эҳтимоли коҳиш ёфтани фоизи қарзҳо: Бонкҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон созишнома бастанд

Дар вохӯрӣ аз ҷониби Тоҷикистон муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода ва аз ҷониби Ӯзбекистон муовини вазири нақлиёти Ӯзбекистон Даврон Деҳқонов ширкат дштанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати нақлиёт, дар чорчӯби нишасти камиссиюни муштараки ҳамкориҳои ҳамлинақли ҷодаии ду кишвар, тарафҳо бар зарурати густариши равобит дар бахши ҳамлунақлӣ дар шароити густариши COVID -19 таъкид карданд.

Дар ин нишаст роҷеъ ба ифтитоҳи масирҳои ҷадиди ҳамлунақли мусофирбарӣ ва транзит, эътои тасҳилоти бештари транзитӣ, имзои созишномаи 20 солаи ҳамкориҳои ҳамлунақли ҷодаӣ ва кумак ба омаду рафти васоили нақлияи ду кишвар дар масирҳои байналмилалӣ баҳсу табодули назар шуд.

Ҳамчунин дар ин нишаст мавзӯи истифода аз фанновариҳои ҷадиди диҷиталӣ барои танзими барномаҳои транзити колову маҳсулоти ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.