Раҳмон ба Макрон изҳори ҳамдардӣ кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Фаронса Эммануэл Макрон барқияи таслият ирсол кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik.  Дар ин бора котиботи президент иттилоъ медиҳад.

Ба гузориши манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон бинобар даргузашти президенти собиқи Фаронса Валери Жискар д’Эстен изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Пайваста кӯмак кунед: ҳамдардии Раҳмон ба хонаводаи Алишери Муҳаммадӣ

"Хабари даргузашти собиқ Президенти Фаронса Валери Жискар д’Эстен боиси андӯҳи  мо гардид", - гуфтааст дар он мактуб раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ӯ аз нақши марҳум ёдрас шудааст, ки Жискар д’Эстен ба ҳайси шахсияти боризи давлатӣ, хислату мӯҳтавои як давраи муҳими рушди Франсияро муайян намуд.

"Номи ӯ дар таърихи муосир ҳамчун сиёсатмадоре, ки дар таъмиқи раванди ҳамгироии Аврупо ва ташаккули асосҳои таъсис додани Иттиҳоди Аврупо нақши босазо гузоштааст, ба ҳамешагӣ боқӣ мемонад", - омадааст дар барқия.

Изҳори ҳамдардӣ: сафири Эрон дар Тоҷикистон ба сафорати Афғонистон рафт

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Макрон хоҳиш кардааст, ки изҳори ҳамдардиашро ба пайвандони марҳум ва мардуми Фаронса расонад.