ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Як мошин бо дипломатҳои русро бар асари таркиши мина дар Кобул зарар дидааст, гуфт сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия, Мария Захарова.
Ба иттилои манбаъ, аз сабаби таркиш, намояндагони намояндагии дипломатии Русия зарбаи сабук гирифтанд ва хушбахтона ниёзе ба беморхона бурдан надоштанд.
Таркиши автомобили дипломатҳо дар наздикии сафорати Русия сурат гирифтааст.
Ҳанӯз дақиқ нашудааст, ки мошини ҳадафи ҳамла кадом буд: аз сафорати Русия ё нерӯҳои амниятии Афғонистон.
Деги ҷӯшони Афғонистон: аз ихроҷи нирӯҳои Амрико кӣ бурд мекунад
Захарова бо изҳори мавқеи Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтааст: "Мо аз ҷониби Афғонистон талаб дорем, ки ин ҳодисаро ҳамаҷониба таҳқиқ карда, барои таъмини амнияти кормандони намояндагиҳои Русия дар ҶИА чораҳои ҳамаҷониба андешанд".
Боздошти 13 полис дар Афғонистон вобаста парвандаи ҳамлаи террористӣ ба Донишгоҳи Кобул
То кунун ягон гурӯҳи террористӣ масъулияти таркиши минаи худсохтро ба дӯш нагирифтааст.