Путин: рӯйдодҳои Қарабоғи Кӯҳӣ ва Қирғизистон вазъияти СААД - ро мушкил кард

Президенти Русия Владимир Путин вазиъяти СААД - ро дар пасманзари тазоҳурот ва рухдодҳо дар як қатор кишварҳои аъзо арзёбӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Рухдодҳо дар Қарабоғи Кӯҳӣ, Қирғизистон ва Белорус вазъият дар миқёси Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) - ро вазнин кард, гуфт Владимир Путин.

Раҳбари Русия қайд кард, ки моҳҳои охир вазъият дар миқёси СААД ноором буд.

"Вазъ дар фазо дар доираи масъулияти СААД бидуни мушкил набуд ва дар маҷмӯъ ноором буд. Ман муноқишаи мусаллаҳонаро, ки моҳи сентябр дар Қарабоғи Кӯҳӣ бо кишварҳои узви СААД, инчунин рӯйдодҳои пасазинтихоботии Белорусро, ки бо фишори бесобиқаи беруна рӯ ба рӯ шуданд ва вазъи дохилии сиёсии Қирғизистонро дар назар дорам", - гуфт Путин.

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти СПАД ширкат мекунад

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 2 декабр таҳти раёсати Русия нишасти навбатии сарони кишварҳои узви СААД баргузор шуд. Ба далели ҳамагирии коронавирус ин бор ҷаласа дар шакли видеоӣ ё маҷозӣ баргузор гардид.

Суханронии Владимир Путин дар нишасти СААД - пахши мустақим

Дар ин нишаст президенти Белорус Александр Лукашенко, кишвардори Қазоқистон Қосим - Ҷомарт Тоқаев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон Талант Мамитов, сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва дабири кулли СПАД Станислав Зас ширкат карданд.