Коршинос гуфт, Фонди захиравии президент барои чӣ лозим аст

Алексей Маслов, профессори факултаи иқтисоди ҷаҳонӣ ва сиёсати ҷаҳонии Мактаби олии иқтисодӣ мегӯяд, ташкили Фонди захиравӣ нишон медиҳад, ки кишвар маблағ дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Маблағгузории Фонди захиравии президентро дар соли 2021, ду миллион доллар бештар мекунанд, ки ин дар қиёс бо соли 2020 - 5,2% бештар аст.

Дар лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2021 пандемияи коронавирус ба назар гирифта мешавад

Алексей Маслов, профессори факултаи иқтисоди ҷаҳонӣ ва сиёсати ҷаҳонии Мактаби олии иқтисодӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ташкили Фонди захиравӣ барои кишварҳои пасошӯравӣ як падидаи муқаррарӣ аст. Ба гуфтаи коршинос, сарчашмаҳои даромад барои ин хазинаҳо бояд шаффофу дақиқ гуфта шаванд ва таъкид намуд, ки ташаккули чунин фондҳо аз ҳисоби андози шахсони воқеӣ чандон дуруст нест.

Иқтисоди пинҳонию боҷу аксизҳо: вазир гуфт, аз куҷо дар соли 2021 даромадро зиёд мекунанд?

"Бояд гуфта шавад, ки аз кадом даромад ба хазина пул ҷудо мешавад. Чун маблағгузории фонди президент аз ҳисоби андози шахсони воқеӣ нодуруст хоҳад буд", - қайд кард Маслов.

Ба гуфтаи ӯ, чунин фонд дар мисоли Русия аз ҳисоби маблағҳое, ​​ки аз фурӯши нафту газ ба даст омадаанд, ташкил карда мешавад ва дар мавриди харҷу дахли Ҳукумат тасмим мегирад. Дар Тоҷикистон шахсан президент ин корро анҷом медиҳад.

Амри Раҳмон: аз фонди Президент барои китобхонҳо бештар аз 1 миллион сомонӣ ҷудо шавад

Дар маҷмуъ Маслов таъкид намуд, ки барои Тоҷикистон таҳкими фонди захиравӣ дар пасманзари тағйирёбии тиҷорати хориҷӣ, нархи ноустувори газ ва нафт, афзоиши қарзи Тоҷикистон ва қарзҳояш аз Чин муҳим мебошад.

"Фонди захиравии Президент метавонад ба ҳайси фонди эътидол хизмат мекунад. Ин нишон медиҳад, ки хазинаи кишвар маблағ дорад", - афзуд коршинос.

Ба гуфти Маслов, мавҷудияти чунин манбаъҳо барои кишварҳои пасошӯравӣ хос аст.