Ҷашнҳои рӯзи 1 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Якуми декабр Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам (СПИД) мебошад. Дар ин рӯз Қазоқистон аз Рӯзи президенти аввалин ҷашн мегирад
Sputnik

СПИД-(аломати норасоии масъунияти бадан) бемориест, ки онро вируси норасоии масъунияти бадан ВИЧ ба вучуд меорад.

Омори гирифторони ВНМО: қиссаи Нигина, ки аз шавҳараш сироят шуд

ВИЧ-(вируси норасоии масьунияти бадан) барангезандаи бемории СПИД мебошад. Ҳангоми ба вуҷуди одам дохил гаштани вирус на ҳама вақт нишонаҳои беморӣ дида мешавад, аммо он шахсон метавонанд дигаронро сироят кунанад. ВИЧ-бевосита ба хуҷайраҳои системаи худмуҳофизати (иммунии) инсон зарар мерасонад. Вирус ҳуҷайраҳои системаи иммунии оринизмро хароб карда, вайро аз қобилияти табии худмуҳофизат маҳрум месозад.

Имрӯзхо тибқи маълумоти Барномаи Муттахиди СММ оид ба мубориза алайҳи СПИД хар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар аз вируси норасоии масъунияти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан 50%-ро ҷавонони аз 14 то 20 сола ташкип медиханд.

Аз рӯзи пайдо шудани ин бемори дар ҷаҳон тақрибан 6О млн, нафар одамон аз вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ) сироят ёфтанд, ки аз онҳо 20 млн, нафар ба ҳалокат расиданд.

Рӯзи 1 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1863 дар Англия ҳангоми бозӣ ба даст гирифта, давидани тӯби футбол манъ гардид.

Соли 1945 Федератсияи байналмилалӣ-демократии занон таъсис ёфт.

Ҷашнҳои рӯзи 29 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1940 дар Италия дар фурӯши макарон ва биринҷ меъёр гузошта шуд.

Соли 1942 Эфиопия бар зидди Германия, Италия ва Япония ҷанг эълон кард.

Ҷашнҳои рӯзи 25 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1948 дар Руминия фаъолияти калисоҳои гурҷӣ-католикӣ катъ гардид.

Соли 1969 дар Канада дастгоҳи азназаргузаронии ҳолати мастии ронандагон ҷорӣ карда шуд.

Рӯзи 1 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2006 дар шаҳри Душанбе намояндагии яке аз бонкҳои калони иқтисодии Қазоқистон -"Казкоммерсбонк" кушода шуд.

Соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон портали миллии сайёҳиро фаъол намуд.

Соли 2010 дар Қазоқистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо суханронӣ карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 27 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия сафар карда, дар он ҷо бо роҳбарияти олии Иттиҳоди Аврупо ва Комиссияи Аврупо, инчунин намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ мулоқот анҷом доданд.

Соли 2016 дар Чехия Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Чехия оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 1 декабр

  • Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди ВНМО (СПИД).
  • Дар Қазоқистон – Рӯзи президенти аввалин.
  • Дар Руминия – Рӯзи муттаҳидии миллӣ.
  • Дар Исландия – Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Украина – Рӯзи кормандони прокуратура.

Рӯзи 1 декабр дар Тоҷикистон кӣ таваллуд шуд

Соли 1940 Доктори илмҳои тиб, профессор Усмон Расулов

Соли 1941 Доктори илмҳои биология  Кимёҷон Неъматҷонова

Соли 1946 Композитор Қудратулло Яҳёев.

Соли 1951 журналист Шоҳтолиб Шоҳқосимов.