Қабули қонуни нав: вазири меҳнат гуфт, мутахассисони бозоргир омода мешаванд

Ширин Амонзода, вазири нави меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, мегӯяд, дар кишвар қонуне қабул шуд, ки алоқамандии бозори меҳнат ва таҳсилоти касбиро пурзӯр месозад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахир қонун “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат”-ро қабул кард.

Директори “Вектор” гуфт, пандемияи COVID-19 кай ба поён мерасад

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, мегӯяд, мутобиқи қонуни мазкур ҷалби соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла корфармоён ва вазорату идораҳои соҳавӣ ба раванди тайёр кардани мутахассисон пешбинӣ шудаст.

Вазир гуфт, корфармоёну вазоратҳои соҳавӣ бевосита дар таҳияи Таснифоти миллии тахассусҳо, стандартҳои ҳар як касб, баҳодиҳӣ ва шаҳодатномакунии малакаи касбии мутахассисони омодашаванда иштирок менамоянд, ки ин алоқамандии бозори меҳнат ва низоми таҳсилоти касбиро қавӣ мегардонад.

“Илова бар ин, ҷорӣ намудани Низоми миллии тахассусҳо барои фаъолияти босамари минбаъдаи мутахассисони дараҷаи гуногун дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат менамояд”, - хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Амонзода.

Ӯ илова намуд, ки бо васеъшавӣ ва амиқгардии дониш ва фаҳмиши функсионалии таснифоти тахассусӣ,  имконоти ҳамкории Тоҷикистон бо давлатҳои дигар зиёд мешавад.