Володин: СААД бояд феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ дошта бошад

Таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ имконият медиҳад, ки ба ҷинояткории байналмилалӣ муборизаи самаранок бурда шавад, изҳор дошт Вячеслав Володин, роҳбари Думаи давлатии Русия
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Вячеслав Володин дар ҷаласаи XIII-и Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ – СААД зарурати таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террористиро таъкид кард.

“Толибон қудрат мехоҳанд, на сулҳ! Амрико моро фиреб дод” – мусоҳиба бо Фаҳими Куҳдоманӣ

Ин иқдом имконоти СААД барои мубориза бо ҷинояткории байналмилалиро бештар месозад.

“Аз ҳама муҳим, мо холигии ҳуқуқиро бартараф мекунем, вақте созмон, ки дар як кишвари СААД террористӣ эътироф шудааст, метавонист дар қаламрави кишвари дигар озодона фаъолият кунад”, - изҳор дошт Володин.

Ӯ илова намуд, ки ба ҳамин восита хадамоти махсуси кишварҳои узв метавонанд ҳамкориро ба сатҳи нисбатан баланд бардоранд.

Раиси Думаи давлатии Русия инчунин таваҷҷуҳи ҳамкоронро ба муштаракоти қонунгузорӣ дар бахши мубориза бо маводи мухаддир равона кард. Кишварҳои узв тавсияҳо барои таҳияи феҳраст ва сабти маводҳои нави мухаддириро баррасӣ мекунанд.

Володин муътақид аст, ки ин чораҳо барои мубориза бо терроризму нашъаҷаллобӣ муҳим мебошад.

Ӯ илова намуд, ки барномаи нави панҷсолаи қонунэҷодкунии Ассамблеяи парлумонии СААД барои 5 соли оянда 29 санади тарҳиро фаро мегирад. Ба ин рӯйхат санадҳо дар боораи танзими амнияти рақаммӣ, ҳифзи иттилоот, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории муташаккилона мебошад.