ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Сардии шадид ҳафтаи равон дар бархе аз минтақаҳои қисмати аврупоии Русия дар назар аст, изҳор дошт роҳбари илмии Маркази обуҳавошиносии Русия.
"Хунукӣ ҷанубу шарқи қисмати аврупоии Русияро фаро мегирад. Дар вилоятҳои Астрахан, Волгоград, Саратов, Самара, дар ҷумҳуриҳои Бошқирдистону Тотористон сард хоҳад шуд", - изҳор дошт манбаъ.
Ӯ илова намуд, ки ҳавои сард инчунин Екатеринбург, Оренбург, Курган, Новосибирск, Омск ва Томскро фаро хоҳад гирифт. Ҳароратсанҷ дар ин минтақаҳо то 20-25 дараҷа сардиро нишон хоҳад дод.
Бар асоси мушоҳидаҳои бисёрсола, нишондиҳандаи мазкур дар қиёс бо нишондиҳандаҳои муқаррарӣ 5-10 дараҷа поинтар мебошанд.
Аз ҳама хунук охири ҳафтаи оянда хоҳад шуд. Дар ин марҳила дар қисмати аврупоии Русия ҳарорати ҳаво ба 16 дараҷа ва дар вилоятҳои Свердлову Омск ба 20 дараҷа сардӣ мерасад.
Пешгӯии ҳавошиносон барои зимистони оянда дар Русия
Инчунин зикр шудааст, ки дар Маскав низ ҳарорати ҳаво миёнаи ҳафта каме сардтар хоҳад шуд. Ҳарорат шабона то -12 дараҷа ва рӯзона то -5-7 дараҷа хоҳад шуд.